«САФАРНОМА» ДАР СОФИЯ

Филми мустанади «Сафарнома: катибаҳо дар пайроҳаи мерос»-и коргардон Шарофат Арабова дар XII Синамоҷашнвораи кишварҳои Шарқи наздик, Осиёи Миёна ва Африқои шимолӣ, таҳти унвони «Манораи София», ки аз 14-ум то 30-юми январи соли 2021 дар шаҳри Софияи Булғористон баргузор мегардад, намоиш дода мешавад.

Роҳбарияти  синамоҷашнвора интихоби филми тоҷикиро  ба таври умум  эълон карда, таъкид доштанд, ки бо камоли мамнунӣ тавассути филми «Сафарнома: катибаҳо дар пайроҳаи мерос» ба саёҳати гӯшаву канори Тоҷикистони нотакрор даъват намуда,  тамошобини булғорро бо кинематография, таърих ва фарҳанги мардуми тоҷик ошно хоҳанд сохт. 

«Сафарнома»  ёддоштҳои сарироҳист, ки баҳори соли 2019 дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Қабодиён, Дӯстӣ, Носири Хисрав, Бохтар ва Ҳисор рӯйи навор омада, филми мушоҳидавию афкориии муаллиф дар бораи сарчашмаи фарҳанги маънавии тоҷикон маҳсуб меёбад. Ёдгориҳои таърихии меъморӣ, ки аз оини тоисломӣ мерос мондаанд, то ҳол зиёратгоҳи мардум қарор доранд. Дар филм мусиқии классикии тоҷик, шашмақом, аз ҷумла мақомҳои «Рост» ва «Наво», ки аз рӯйи сохту  таркиб маҷозан роҳро ифода мекунанд, истифода шудааст.

2021-01-15