Синамоҷашнвораи байналмиллалии “Душанбе” ба вақти  дигар гузаронида шуд

 

         Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи байналмиллалии “Душанбе” дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи “Коронавирус” санаи баргузории  ҷашнвораи мазкурро ба дигар замон гузоштанд.

        Қарор буд, фестивали мазкур дар моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор шавад.  Аммо бо сабаби хуруҷи “Коронавирус” дар аксари мамолики олам кумитаи  тадорукот то эътидол ёфтани вазъ ва барқарории робитаҳои ҳавоию заминӣ миёни кишварҳо кинофестивалро  мавқуф намуданд.

          То муҳлати қабули филмҳо барои Синамобазми байналмиллалии “Душанбе” беш аз 85 дархост аз 30 кишвари ҷаҳон пешниҳод шудааст. Ҳайати ҷашнвора пеш аз баргузор шудани синамоҷашнвора филмҳое ки барои озмун пешбинӣ мешаванд, эълон хоҳад кард.

        Дар бораи вакти баргузории озмун иловатан хабар дода мешавад.

 

2020-04-02