Синамоҷашнвораи байналмилалии "Душанбе" барои таҳкими ҳамкориҳои синамогарони Тоҷикистон ва ошноӣ пайдо кардани тамошобини тоҷик бо дастовардҳои беҳтарини синамои ҷаҳонӣ, бахшида ба Рӯзи шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Он ҳар ду сол, панҷ рӯз идома ёфта, рӯзи шанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҷамъбаст карда мешавад. Муассисони Синамоҷашнвораи байналмилалии “Душанбе” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва баргузоркунандаи он Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" мебошанд.


Филмҳои озмунӣ (то 20 филм) бар асоси Низомномаи Синамоҷашнвораи байналмилалии "Душанбе", дар бахшҳои Озмуни байналмилалии филмҳо ва Озмуни дастовардҳои беҳтарини кинои миллӣ (то 20 филм)интихоб мегарданд..


Замони баргузорӣ: 13 – 18 апрели соли 2020.

Макони баргузорӣ: шаҳри Душанбе


Иштирок кунед